СММ бар зидди Исроил барои ҳамла эътироз кард

Роберт Серрӣ-фиристодаи вижаи СММ барои Ховари Миёна бар зидди Исроил эътироз кардааст, зеро дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Борикаи Ғаза дафтари намояндагии СММ дар ин минтақа хароб шудааст ва 8 нафар афроди он кушта шудаанд. Роберт Серрӣ-фиристодаи вижаи СММ барои Ховари Миёна ва Карен Абузайд-раиси Ожонси кумакҳо ва фаъолиятҳои СММ ба нишонии Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил баъд аз ин ҳодиса номаи фаврии эътирозӣ фиристодаанд.