Авзоъ дар Навори Ғазза бадтар шудааст

Ҳавопаймоҳои Исроил имрӯз ҳамалот ба ҳадафҳои созмони Ҳамос дар Навори Ғаззаро идома доданд. Тайи ду рӯзи ин амалиёти ҳавоӣ на камтар аз 280 нафар кушта ва бештар 700 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Созмони Ҳамос бо мушакандозӣ ба қаламрави Исроил ба амалиёти ин кишвар посух дод. Исроил, ки мегӯяд, ба мушакандозии афзоянда аз тарафи Ҳамос посух медиҳад, теъдоди нерӯҳои заминӣ ва зиреҳпӯшҳояшро дар наздикии марзи Навори Ғазза афзоиш додааст. Ҳукумати Исроил дастур додааст, то сарбозони захиравии ин кишвар ба сафи артиш даъват шаванд. Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, то ба низоъ хотима дода шавад ва аз тарафҳои даргир талаб кард, ки бо андешидани тадобири лозима нагузоранд, дар Навори Ғазза бӯҳрони башарӣ ба вуқӯъ пайвандад. Ҳазорон нафар дар саросари кишварҳои Ховари Миёна бо нишони эътироз ба ҳамалоти Исроил раҳпаймоӣ карданд.