Дидори раҳбари фаластиниҳо аз Чеченистон

Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос вориди ҷумҳурии Чеченистони Русия шуд. Интизор меравад, Маҳмуд Аббос қабл аз мулоқот бо раҳбари рӯ ба Маскав Чеченистон Рамазон Қодиров, дар масҷиди Грозний дар баробари намозгузорон суханронӣ кунад. Дидор аз Чеченистон дар рӯзи аввали сафари серӯзаи Маҳмуд Аббос ба Русия сурат мегирад. Қарор аст, ки ӯ бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ мулоқот кунад. Маҳмуд Аббос шоми имрӯз аз Грозний озими Маскав хоҳад шуд.