20 афсари Вазорати умури дохилии Ироқ боздошт шуданд

Мақомоти Ироқ гуфтаанд, ки бештар аз 20 корманди Вазорати умури дохилии Ироқ боздошт шудаанд. Онҳо талош доштаанд, ҳизби БААС-и Саддом Ҳусейн-раҳбари собиқи Ироқро дубора фаъол созанд. Маҳмуд Усмон-муовини раиси порламони Ироқ аз ҷониби эътилофи курдҳо дар бораи боздоштҳо мегуяд:

"Маълумоти зиёд вуҷуд надорад. Шафофияти кофӣ нест. Мо шунидем, ки тақрибан 40 афсар ё бештар аз ин боздошт шудаанд. Ман пулис ва артишро дар назар дорам, ба вижа вазорати дохиларо".

Генерал Ало ал Тойӣ-вазири дохилаи Ироқ ба матбуот гуфтааст, ин афрод талош доштаанд, вазоратро оташ зананд ва ба эҳтимоли зиёд, ба ин тартиб далелҳоро бар зидди худашон аз байн бибаранд.