Созмондиҳандагони ҳамлаи 11-уми сентябр иқрор мешаванд

Холид Шайх Муҳаммад раҳбари эҳтимолии ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ва чаҳор нафари дигар аз айбдоршавандагон ишора кардаанд, ки дар ҷараёни мурофиа дар додгоҳӣ низомӣ дар Гуантанамо гуноҳи худро эътироф хоҳанд кард. Стефан Ҳенлӣ-қозии додгоҳи низомӣ дар ин бора хабар дод. Агар гуноҳи ин панҷ нафар дар робита бо рабудани ҳавопаймо ва ҳамлаи террористии 11-уми сентябри Ал Қоъида ба Амрико, ки дар натиҷаи он ҳудуди 3 ҳазор нафар ба қатл расиданд, собит шавад, мумкин аст онҳо маҳкум ба эъдом шаванд. То ҳол Холид Шайх Муҳаммад ба бозрасон эътироф кардааст, ки вай созмондиҳандаи ин ҳамлаи террористӣ мебошад.