Овоздиҳии созиши ИМА ва Ироқ пагоҳ доир мешавад

Маҷлиси қонунгузори Ироқ раъйдиҳӣ дар масъалаи Созиши амниятӣ бо ИМА-ро то рӯзи панҷшанбе ба таъхир гузошт.

Созиши Мақоми Нерӯҳо ва ё The Status of Forces Agreement (SOFA) имкон медиҳад, ки нерӯҳои ИМА то охири соли 2011-ум дар Ироқ боқӣ монанд.

Пешбинӣ мешуд, ки вакилони мардумии Ироқ рӯзи чоршанбе назари худро дар бораи ин санад иброз хоҳанд кард.