Нимҳимоятгари дастаи футболи Узбакистон, Сарвар Ҷабборов имрӯз бозингари соли Конфедерасюни Футболи Осиё эълон шуд. Ин ҷоиза ба футболбози 26-сола барои бозии ҳунармандона ва нақши пешгомаш дода шуд, ки сабаб шудаанд, дастаи футболи "Бунёдкор"-и Узбакистон ба бозии нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедерасюни Футболи Осиё роҳ ёбад. Бархе аз шореҳони варзиш гуфтаанд, Ҷабборов ҳамаи имкониятҳоро дорад, ки оянда дар дастаҳои футболи Аврупо ҳунарнамоӣ кунад.