Ҳалокати 3 мусофир дар инфиҷори мошин

Мақомот мегӯянд, инфиҷори мошин дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунҷар ба ҳалокати 3 нафар, аз ҷумла 1 кӯдак шуда, нафари чорум – ронандаи мошин- дар ин таркиш ҷароҳатҳои вахим бардоштааст. Вазорати ҳолоти изтирории Русия мегӯяд, дар дохили ин мошин ғолибан норинҷак таркидааст. Таркиш субҳи имрӯз дар наздикии як истогоҳи метрои Петербург рух дод.