Фоизи баргаҳои қарз дар Тоҷикистон пойин бурда шуд

Бонки миллии Тоҷикистон бори чорум дар соли ҷорӣ фоизи баргаҳои вомро тағйир дод. Фоизи баргаҳои вом ин бор 0,5 дарсад коҳиш ёфта, акнун ба 13 фоиз баробар шудааст. Ин маротибаи севвум аст, ки Бонки миллӣ фоизи баргаҳои қарзиро пойин мебарад. Дар моҳи феврал ин нишондод то ба 16 дарсад боло бурда шуд, вале Бонки миллӣ баъдан дар моҳи апрел фоизи баргаҳои қарзро 1,25 дарсад ва дар моҳи июл 0,75 дарсади дигар пойин овард. Коҳиши ин нишондод дар ҳоле сурат мегирад, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, алакай 13 дарсадро ташкил медиҳад.