Интиқоли боз як тоҷик аз Гуантанамо

Вазорати дифоъи ИМА дар саҳифаи интернетии худ навиштааст, ки ахиран ба Тоҷикистон ва Қазоқистон ду нафарро, ки дар боздоштгоҳи ҷазираи Гуантанамо (воқеъ дар Куба) нигаҳдорӣ мешуданд, интиқол додааст.

Вазорат мегӯяд, ки ин афрод баъди таҳқиқоти чандинбораи парвандаҳои ин ду нафар барои интиқолёбӣ ба кишварҳояшон муносиб дониста шуданд. Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, иқдоми мазкур маънои онро дорад, ки ИМА хостори ин нест, ки "боздоштшудаҳо бештар аз мӯҳлате, ки лозим аст", нигаҳдорӣ шаванд. Феълан, ба иттилои ин манбаъ, ҳудудан 60 нафари дигар барои интиқолёбӣ омода ҳастанд ва ин масъала дар меҳвари баррасиҳои ИМА ва кишварҳои дигар қарор дорад.

Бино ба иттилои мақомоти амрикоӣ ва тоҷикистонӣ, то оғози соли 2007 10 шаҳрванди Тоҷикистон аз маҳбаси Гуантанамо ба ватан интиқол дода шуданд. Ин афрод дар Афғонистон то соли 2002, баъди шурӯи амалиёти зиддитеррор дар ин кишвар ва вуруди нирӯҳои амрикоӣ ва байналмилалӣ барои мубориза бо ситезаҷӯён ва Толибон боздошт шудаанд. Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар мавриди шумори умумии тоҷикистониҳо дар маҳбаси Гуантанамо иттилоъи дақиқ надоранд.

Боздоштгоҳи муваққатии Гуантанамо, ки дар ҷазираи Куба воқеъ буда, ба вазорати дифоъи ИМА мансуб аст, баъди рӯйдодҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ташкил шуд ва ба он гумонбарони амалиёти террористӣ, ки дар Афғонистон боздошт шудаанд, интиқол ёфтанд. Дар соли 2002 шумори куллии боздоштшудаҳо тақрибан 800 нафар гуфта мешуд, аммо вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, ки шурӯъ аз соли 2002 беш аз 520 боздоштшударо ба кишварҳои Албания, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Баҳрайн, Белгия, Дания, Миср, Фаронса, Бритониёи Кабир, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Либия, Малдив, Мавритания, Марокаш, Покистон, Русия, Арабистони Саъудӣ, Испания, Шветсия, Судон, Тоҷикистон, Туркия, Уганда ва Яман интиқол додааст. Феълан дар Гуантанамо 255 боздоштшуда нигаҳдорӣ мешавад, омадааст дар иттилияи вазорати дифои Амрико.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, СММ ва дигар фаъолони мудофеъи ҳуқуқи инсон борҳо аз ҳукумати Амрико расидагии одилона ва бархӯрди мутобиқи қонунҳои байналмилалиро ба боздоштшудаҳои Гуантанамо тақозо кардаанд. Онҳо ҳукумати Амрикоро барои нигаҳдошти тӯлонимуддати боздоштшудаҳо бидуни муҳокимаҳои додгоҳӣ ва айбномаҳои расмӣ танқид кардаанд. Дар бархе ҳолатҳо, аз ҷумла дар нисбати бархе боздоштшудаҳои тоҷикистонии Гуантанамо собит шудааст, ки онҳо нафарони тасодуфӣ буда, ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои террористиву Толибон надоранд.

Аммо дар қазияи ду тоҷикистонии дигари аз Гуантанамо баргашта соли 2007 Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми шадидро раво дид. Моҳи августи он сол додгоҳ ду сокини Исфара - Муқит Воҳидов ва Рухнуддин Шароповро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва хидмат ба унвони сарбози зархарид дар ҳайати гурӯҳи вобаста ба Ҷумъаи Намангонӣ, яке аз раҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам дониста онҳоро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Онҳо қабл аз ин ҳукм шаш сол дар Гуантанамо ба сар бурда буданд.