Душанбе-4 – барандаи Ҷоми Султон Мирзоев

Дастаи футболи наврасони Душанбе-4 (мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ) барандаи Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик, гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки 23-юми октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар дастаи шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Барои ҷои севум дастаи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бар тими Душанбе-2 бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Дар мусобиқаи имсола, ки барои даҳумин бор доир гардид, 10 даста аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ишкошим ва Нуробод ширкат карданд.