Туркманистон дар СММ ташаббус матраҳ намуд

Муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ташаббуси фарогири амнияти интиқоли энергияро матраҳ намуд, ки бояд дар чорчӯби СММ татбиқ шавад. Аснои суханронӣ дар маҷмаи кулли СММ Мередов гуфт, ки Туркманистон лоиҳаи ин ташаббусро таҳия намудааст ва мехоҳад онро ҳангоми баҳс дар маҷмаи кулли 63-уми СММ матраҳ намояд.
Ба қавли Мередов соли 2009-ум дар Туркманистон як конфронси байналмилалӣ барои танзими сутунмӯҳраи қонунии ин ташаббус барпо хоҳад шуд.