Вазъи ҳуқуқи мардикорони тоҷик дар Қазоқистон

Муҳоҷирони тоҷик борҳо аз дасти кормандони пулиси Қазоқистон ранҷ кашидаанд ва ғолибан онҳо барои раҳоӣ аз дасти муҳофизони тартибот ва ҳуқуқ ришва додаанд.

Ҳатто чунин тарзи муносибат бо муҳоҷирони тоҷик, яъне ришваситонӣ, барои кормандони пулис як навъ одат шудааст. Тавре як муҳоҷири тоҷик, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, гуфт, чунин тарзи муносибат дар посгоҳҳои марзии Қазоқистон низ, ба истилоҳ, расм шудааст ва дар нуқтаи сабти шиносномаҳо ағлаби муҳоҷирони тоҷик бидуни пардохти маблағ, яъне додани ришва наметавонанд корти сабти номи муваққатӣ бигиранд. Ин дар ҳолест, ки дар варақаи корти сабти номи муваққатӣ ройгон додани ин ҳуҷҷат бо ҳарфҳои калон навишта шудааст.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, «вақте мо аз марзи Ӯзбакистон баромадем ва ба гумруки Қазоқистон расидем, қабл аз ман як зани тоҷик буд ва чун ӯ барои гирифтани варақаи сабти номи муваққатӣ шиносномаашро ба шӯъбаи тафтиши шиносномаҳо дод, корманди шӯъба чун дид, ки шиносномаи Тоҷикистон аст, онро ба канорае ҳаво дод. Баъд навбати ман расид ва корманди пулиси муҳоҷират бо ман низ чунин рафтор кард ва гуфт, ки мо интизор шавем. Аммо шиносномаҳои шаҳрвандони дигар кишварҳоро мегирифту бидуни мушкилот мӯҳр зада медод. Баъд моро ба утоқаш даъват кард ва аз мо барои мӯҳр задан маблағ талаб кард».

Чунин тарзи муносибати кормандони посгоҳҳои марзӣ на танҳо дар посгоҳи Яллама воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, балки дар посгоҳҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад. Муҳим Юнусов, шаҳрванди тоҷик, ки ҳамеша ба Тоҷикистон аз тариқи роҳи Алмаато-Бишкек-Хуҷанд ҳаракат мекунад, мегӯяд, ки ҳам дар посгоҳи марзии Қазоқистон ва ҳам дар посгоҳҳои Қирғизистон наметавон бидуни пардохти ришва аз марз убур намуд. Ба гуфтаи Муҳим, «ҳангоми ворид шудан ба Қирғизистон ва гузоштани мӯҳр ба шиноснома кормандони пулиси муҳоҷират ҳатман пул талаб мекунанд. Вақте мо аз Исфара вориди Қирғизистон шудем, 100 соми қирғизӣ гирифтанд. Вақти аз Қирғизистон баромадан бошад 300 сом, ки баробар ба қариб 6 доллар аст, гирифтанд. Ин маблағ барояшон ҳамчун як мизони доимӣ барои тоҷикон будааст».

Вале дар ҳамин ҳол як тан аз шаҳрвандони вилояти Суғд, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, гуфт, дар масъалаи ришваситонии кормандони ниҳодҳои интизомии Қазоқистон ва Қирғизистон на танҳо онҳо, балки худи муҳоҷирон низ гунаҳгоранд. Зеро муҳоҷирон барои ҳаққу ҳуқуқи хеш талош намекунанд ва дарҳол ҳалли ҳар гуна масъаларо дар додани ришва мебинанд. Ӯ бошад боре ҳам ришва надодааст, ҳарчанд аз вай низ талаб кардаанд.

Ҳамсӯҳбати мо иброз медорад, ки «аз баъзе ҳамдеҳагони мо дар марзи Қирғизистон пул талаб мекунанд, 500 танга, 1000 танга ва ё 100 сом. Ман ҳаққу ҳуқуқи худро медонам ва медонам, ки пул додан ин таҳқир аст. Дар ин маврид ба худи шахс вобаста аст».

Виктория Тюленева, сарвари Маркази ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони бахши ҳимояи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон дар робита ба ришваситонии кормандони пулиси муҳоҷират дар посгоҳҳои марзӣ гуфт, ки то ҳол дар ин маврид ба онҳо касе аз муҳоҳирони тоҷик муроҷиат накардааст. Вале, ба андешаи ӯ, бо назардошти ин ки дар Қазоқистон фасод дар кадом сатҳ аст, наметавон ҷой доштани ришваситониро дар посгоҳҳои марзӣ истисноъ кард. Бар илова, вай борҳо дар бораи ришваситонии кормандони посгоҳҳои марзӣ шунидааст.

Муҳофизи ҳуқуқи инсон таъкид мекунад, ки муҳоҷирон ба ниҳодҳои интизомӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ чандон эътимод надоранд, аз ин хотир ба онҳо муроҷиат намекунанд. Муҳофизи ҳуқуқи башар бо таассуф иброз медорад, ки муҳоҷирон аз бадии рӯзгор ва мушкилоти зиндагӣ рӯ ба ғурбат меоранд ва чунин бархурди кормандони пулиси муҳоҷират нисбат ба онҳо на танҳо ғайриқонунӣ аст, балки қабл аз ҳама аз рӯи инсоф ва одамгарӣ ҳам нест.