Низомиёни Русия шаҳри Потиро тарк карданд

Нерӯҳои Русия панҷ посгоҳи низомиро дар ғарби Гурҷистон тарк карда гуфтаанд, ки нияти хароб кардани онҳоро доранд.

Ҳамин тавр, қароргоҳҳои низомӣ дар Набада ва Патара, воқеъ дар беруни шаҳри бандарии Потӣ, ва Теклатӣ, Пирвелӣ ва Майсӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Сенакӣ, баста шудаанд.

Раиси шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая ин хабарро таъйид кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Андрей Нестеренко гуфт, ки берун шудани нерӯҳои Русия аз хати Потӣ-Сенакӣ мутобиқи қарордоде сурат мегирад, ки миёни Русияву Иттиҳоди Аврупо дар таърихи 8 сентябр баста шудааст.

Бо вуҷуди ин Александр Ломая, раиси шӯрои амнияти миллии Гурҷистон, гуфт, ҳудудан 1200 сарбози рус дар 19 посгоҳ ва нуқоти дигар, ки 124-тоаш дар беруни хоки Осетияи Ҷанубӣ ва 7-тоаш хориҷ аз Абхозистон ҷойгир аст, боқӣ мондаанд.

Русия гуфт, ки нерӯҳои боқимондаро то 11 октябр берун мекашад, дар сурате, ки то 1-уми октябр ҳайати 200-нафараи нозирони Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи даргирӣ ҳозир шавад.