Бознигарии парвандаи ҳалокати сокинони Ҳирот

Артиши Амрико мегӯяд, қасд дорад, парвандаи ҳалокати даҳҳо ғайринизомӣ дар ҳамлаи мушакии нерӯҳои эътилофӣ дар ғарби Афғонистонро аз нав боз кунад. Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии рӯзи 22 август ба ноҳияи Шинданди вилояти Ҳирот бештар аз 90 нафар, аксарият занону кӯдакон кушта шуданд. Низомиёни Иёлоти Муттаҳида аввал мегуфтанд, ин иттилоъ дуруст нест, вале рӯзи якшанбе эълом карданд, ки баъди ошкор шудани ҷузъиёти дигари ҳодиса, парвандаро аз нав бознигарӣ хоҳанд кард. Ва дигар ин ки дар як гузориши тозае, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтаст, ки ҳалокати тасодуфии мардуми осоишта дар ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофӣ дар миёнаҳои солҳои 2006 то 2007 се маротиба бештар шудааст.