Райс вориди Либия шуд

Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс бо як сафари таърихии худ вориди Триполӣ, пойтахти Либия шуд, то бо раиси ҷумҳурӣ Муаммар Қаззофӣ мулоқот анҷом диҳад. Либия нахустин кишвари африқоист, ки вай дар ҷараёни сафари минтақаиаш дидан мекунад. Райс баландпоятарин мақоми амрикоӣ хоҳад буд, ки дар фурсати беш аз 50 соли охир аз ин кишвар дидан мекунад. Қабл аз сафар ба Триполӣ Райс гуфт, ки боздиди вай аз Либия аломати он аст, ки ИМА "душмани доимӣ" надорад. Равобити ду кишвар дар соли 1981, баъди он ки ИМА Либияро пуштибони терроризм унвон кард, қатъ гардид. То моҳи сентябри соли 2003, замоне, ки Триполӣ аслиҳаи куштори дастаҷамъӣ ва терроризмро маҳкум кард, Либия шомили феҳрасти кишварҳои сармоягузори терроризми вазорати умури хориҷаи ИМА буд.