Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев шоми ҷумъа гуфт, ки раҳбарони кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ (САД) Гурҷистонро барои анҷоми амалиёти низомиаш дар Осетияи Ҷанубӣ маҳкум карданд. Изҳороти Медведев дар пайи нишасти сарони кишвари узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав пахш шуд. Вай гуфт, раҳбарони кишварҳои узви ин созмон аз амалҳои Русия дар ин низоъ пуштибонӣ карданд. Рӯзи панҷшанбе вазирони хориҷаи Созмони амнияти дастаҷамъӣ ҳам аз амалиёти низомии Русия дар Гурҷистон пуштибонӣ карданд, вале аз Русия дар масъалаи пазириши истиқлолияти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ пайравӣ накарданд. Ба узвияти САД амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 1992 ташкил шудааст, Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомил ҳастанд.