Сафари аврупоии Чейнӣ аз Озарбойҷон шурӯъ мешавад

Ноиб-президенти ИМА Дик Чейнӣ тибқи нақша ба сафари Аврупо баромад. Имрӯз ӯ вориди Озарбойҷон хоҳад шуд. Фардо Чейниро дар Гурҷистон ва Украина мунтазиранд. Охири ҳафтаи равон ноиб-президенти ИМА дар Италия дар як анҷумани иқтисодӣ ширкат меварзад. Дар чорчӯби сафари Чейнӣ баҳси таъмини энергия ва коҳиши султаталабии Русия дар ин соҳа мадди назар гирифта шудааст.