Расонаҳои амрикоӣ гузориш медиҳанд, ки Ҷон Маккейн довталаби номзадии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар сабқати президентии ИМА волии аёлати Аляска хонум Сара Пэлинро ҳамчун довталаби номзади курсии ноиб-президент муаррифӣ кардааст.
Пэлин 44-сола буда, ҷавонтарин зан-волии аёлат дар ИМА мебошад. Анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА ҳафтаи оянда дар Миннесота барпо хоҳад шуд ва дар он ҷо Маккейн ҳамчун номзади расмии ин гурӯҳи сиёсӣ барои курсии раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад шуд.
Ҳизби демократ сенатор Барак Обамаро номзади ин гурӯҳ барои сабқати президентии ИМА пешбарӣ кардааст.