Вошингтон ва Варшава дар бораи мустақаршавии як бахши сипари мушакии Амрико дар Лаҳистон ба мувофиқа расиданд. Ба гуфтаи нахуствазири Лаҳистон Доналд Туск, тавофуқ баъд аз он ҳосил шуд, ки Вошингтон ба таҳкими ҳамкории низомӣ бо Лаҳистон ризоят дод. Русия қатъан мухолифи ин тарҳ буда онро чун таҳдид ба амнияти миллии худ арзёбӣ мекунад. Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино дар ин робита гуфт, “бо назардошти он ки Русия чӣ гуна метавонад ин системаро нобуд созад, мавриди ҳамла қарор гирифтани Русия ҳатто мантиқан ғайримумкин аст”.
Баъд аз эълони ҳосили созиш миёни Варшава ва Вошингтон вазири умури хориҷаи Лаҳистон Радослав Сикорский хабар дод, ки ҳамтои русаш Сергей Лавров сафарашро ба Варшава лағв кард. Ин сафар бояд моҳи оянда сурат мегирифт.
Моҳи июл Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Кондализа Райс ва вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех Карел Шверсенберг дар Прага зери созиш дар бораи мустақаршавии радари амрикоӣ дар қаламрави Чехия имзо гузошта буданд.