Ҳукумати Покистон тасмим гирифт генерал Парвез Мушаррафро аз курсии раёсатҷумҳурии Покистон барканор кунад.
Рӯзномаи амрикоии THE WALL STREET JOURNAL навиштааст, ки президент Мушарраф муборизи қавист, вале ҳозир аз пуштибонии пойгоҳи асосии қудраташ – парламент, артиш ва Амрико – маҳрум шудааст. Вале ба навиштаи шореҳи нашрия НаҷамСетҳӣ танҳо бо барканорсозии президент Мушарраф тамоми мушкилиҳои сиёсии Покистон аз байн нахоҳад рафт.
Бо сабабҳои сиёсиву шахсӣ раҳбарони эътилофи ҳокими Покистон – пешвои ҳизби мардумӣ Осиф Алӣ Зардорӣ ва раиси ҳизби Лигаи мусулмонон Навоз Шариф – ба президент Мушарраф нафрат доранд.
Соли 1999 генерал Парвиз Мушарраф сарвазир Навоз Шарифро ба Арабистони Саъудӣ муҳоҷир намуда, худ ба курсии ӯ нишаста буд. Соли гузашта бо кумаки Арабистони Саъудӣ Навоз Шариф тавонист, ки ба Покистон баргашта, дар интихоботи моҳи феврал барои курсии порлумон сабқат кунад. Зардорӣ бошад, ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Сипас ба ӯ иҷозат доданд, ба Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ба назди ҳамсараш собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто ҳиҷрат намояд.
Моҳи октябри соли гузашта зери фишори ИМА президент Мушарраф иттиҳомоти Бҳутторо лағв намуда, ба ӯ имкони бозгашти бехатар ба ватанро фароҳам овард. Аммо баъди ду моҳи бозгашт ӯ ба қатл расиду бисёриҳо ба ёд оварданд, ки дар арафаи ин суиқасд Бҳутто Мушаррафро ба тарҳрезии ҳамла ба ҷонаш муттаҳам карда буд.
Наҷам Сетҳӣ бар ин назар аст, ки ҳамкории Зардорӣ ва Шариф саршор аз иқдомҳои хатост. Ӯ менависад, ибтидо Зардорӣ бо даъвати амрикоиҳо ба Мушарраф пайваста, мавқеи таърихии ҳизби мардумиро, ки бо муқовимат ба артишу муқовимат ба Амрико машҳур будааст, хадшадор кард.
Шариф ба Мушарраф, Амрико ва интихоби сарвазири нави Покистон мухолифат кард. Ӯ ҳатто ҳукуматро ба корношоямӣ муттаҳам намуд.
Ба ақидаи шореҳи THE WALL STREET JOURNAL, хатои асосии президент Мушарраф аз маркази таваҷҷуҳ дур кардани ҷанг бо террор буд, ки ӯро аз дастгирии Вашингтон маҳрум кард. Ӯ меафзояд, ки дар иваз Мушарраф ба дарёфти пуштибонии мардуми Покистон муваффақ нашуд.
Ҳамчунон ИМА хадамоти бонуфузи кашфи Покистон ISI (Inter Services Inteligence)-ро бо тақдими сарпаноҳ ба Толибони афғон муттаҳам кард.
Охири моҳи гузашта дар Вашингтон сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ бо ишора ба эҳтимоли ҳамдастии баъзе афсарони хадамоти кашфи ин кишвар иброз дошт, ки аз ин ба баъд идораи кашф аз тобеъият ба президенту фармондеҳи артиши Покистон берун шуда, таҳти назорати ҳукумат қарор мегирад. Аммо президент Мушарраф аз ин қарори ҳукумат нороҳат шуда, иброз дошт, ки ҳукумат қазияи хадамоти кашфро сиёсӣ намуда, амнияти миллии кишварро бо таҳдид рӯ ба рӯ мекунад.
Ба қавли нашрияи THE WALL STREET JOURNAL, баъди чунин изҳороти президент оқои Зардорӣ хавф дошт, ки Мушарраф ҳукуматро пароканда эълон хоҳад кард. Аз ин рӯ, ӯ пешниҳоди Навоз Шариф дар мавриди барканорсозии Мушаррафро қабул карда, бо ӯ дар як саф қарор гирифт.
Баъди нашри ин хабар Вашингтон изҳор намуд, ки барканорсозӣ ё худ импичменти президент кори дохилии Покистон аст, яъне ИМА аз Мушарраф ҳимоят нахоҳад кард.