Фармондеҳии ISAF дар Кобул ба дасти Фаронса гузашт

Имрӯз фармондеҳии нирӯҳои 5 000-нафарии кӯмак ба амнияти Афғонистон дар шаҳри Кобул ва атрофи онро Фаронса бар дӯш гирифт. Нирӯҳои ISAF таҳти фармони паймони низомии НАТО фаъолият мекунанд. Генерали фаронсавӣ Мишел Штолштейнер гуфт, ҳадафи онҳо то як соли дигар ба дасти нирӯҳои амниятии худи Афғонистон супурдани масъулияти таъмини амният дар пойтахт, шаҳри Кобул аст.