Абхазистон мухолифи вуруди нерӯҳои байналмилалист

Абхазистон нерӯҳои полиси байналмилалиро дар қаламрави худ ҷойгир карданӣ нест. Дар ин бора имрӯз Сергей Багапш, раҳбари ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхазистон изҳорот пахш кард. Ба гуфтаи ӯ, дар Абхазистон нерӯҳои посдори сулҳи Русия боқӣ хоҳанд монд, ки “вазифаи худро хуб иҷро мекунанд”.

Вазорати хориҷаи ИМА ба думболи таркишҳо дар Гали, Сухум ва Гагри пешниҳод кард, ки дар минтақаи низоъ миёни Гурҷистону Абхазистон нерӯҳои байналмилалӣ мустақар шаванд. Сухумӣ ва Тифлис дар ташкили инфиҷорҳо ҳамдигарро айбдор мекунанд. Гурҷистон қаблан ҳам исрор мекард, ки нерӯҳои посдори сулҳи Русия аз Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ хориҷ шаванд.