Дар Туркманистон 1-уми оғуз дубора 1 июл шуд

Аз имрӯз эътиборан Туркманистон ба истифодаи тақвими масеҳӣ ё григорӣ баргашт. Шаш соли охир ин ҷумҳурӣ бо як амри раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзов тибқи гоҳномаи дигаре ба сар мебурд, ки дар он исми моҳу ҳафтаҳо бо номҳои чеҳраҳои саршиноси кишвар ва президенту ақрабои вай гузошта шуда буд. Дар сурати амал кардани тақвими қадима, рӯзи сешанбе 1 июлро дар Туркманистон чун рӯзи Ёшгун, 1-уми оғуз ном мебурданд. Аммо бо як амри раиси ҷумҳурии кунунии ин кишвар низоми кордорӣ дубора ба тақвими пешина гузаронида шуд.