Туркманистон ва Тотористон ҳамкориро тавсеъа медиҳанд

Имруз Туркманистону Тотористон дар бораи густариши ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарордоде имзо карданд. Ин қарордод дар ҷараёни боздиди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон аз Қазон-пойтахти Тотористон имзо шуд. Бердимуҳаммадов барои як боздиди дуруза дар Тотористон қарор дорад ва бо Минтемир Шаймиев-раиси ҷумҳур музокира анҷом медиҳад.