Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи Зимбабве нигарон аст

Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки баъди баъди аз сабқат канор рафтани раҳбари мухолифини Зимбабве Морган Тсвангерае натоиҷи даврии ниҳоии интихоботи президентӣ дар ин кишвар қобили эътироф нахоҳад буд. Имрӯз Иттиҳодияи Африқо низ аз вазъ дар Зимбабве изҳори нигаронии амиқ кард. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё аз Шӯрои амнияти СММ хостаанд, ки вазъи дар ин кишвари африқоӣ ба вуқуъпайвастаро баррасӣ кунад.

Ҳоло раисиҷумҳури феълии Зимбабве Роберт Мугабе ягона номзад ба мақоми сарвари кишвар аст. Дирӯз Морган Тсвангерае изҳор намуд, ки баъд аз даври аввали интихобот ҷонибдоронаш мавриди лату кӯб ва куштор қарор гирифтанд ва ба хотири ба хатари бештар рӯбарӯ нашудани пуштибонҳояш аз идомаи мубориза барои курсии раисиҷумҳур даст мекашад. Аз сабқат канор рафтани номзади мухолифин раҳро барои идомаи қудрати Роберт Мугабе ҳамвор месозад. Мугабе 28 сол боз ба Зимбабве раҳбарӣ мекунад.