Ҳисобҳои бонкии террористҳо мунҷамид шуданд

Вазорати молияи ИМА ҳисобҳои бонкии ду гумонбар дар узвият ба гурӯҳи террористиеро, ки дар қаламрави Узбакистон фаъолият мекунад, мунҷамид сохт. Гуфта мешавад, ки Наҷмиддин Ҷалилов - раис ва Суҳайл Бурҳонов муовини раиси гурӯҳи “Иттиҳоди ҷиҳоди исломи”-янд, ки чаҳор сол пеш масъулияти инфиҷорҳо дар Узбакистонро бар дӯш гирифта буд. Тибқи хабарҳо, онҳо ҳамчунин бо “Ал-Қоида” робитаи наздик доранд.

Соли гузашта дар Олмон се узви гурӯҳи “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” бо иттиҳоми омодагӣ ба амалҳои террористӣ боздошт шуда буданд.