Рӯйхати девони вазирони ҳукумати имрӯзаи Афғонистон


Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Рӯзи чоршанбеи 5 декабр дар музокироти Бонн, таҳти сарпарастии СММ феҳристи ҳайати ҳукумати мувақатии Афғонистон муаян шуд.

Ҳомид Карзай - миллаташ паштун. Сарвари ҳукумати муваққатӣ. Симо Валӣ - муовини сарвазир дар умури занон. Гурӯҳи Рум. Муҳаммад Фаҳим - вазири Дифоъ. Эътилофи Шимол. Муҳаммад Муҳаққиқ - вазири плон. Эътилофи Шимол. Шокир Коргар - Вазорати Об ва Барқ. Намояндаи узбактаборони Эътилофи Шимол. Вазорати Молия - Ҳидоят Амин Арсало. Гурӯҳи Рум. Вазири Умури Хориҷӣ - Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Эътилофи Шимол. Вазорати Умури Дохила - Юнус Қонунӣ. Эътилофи Шимол. Вазири тиҷорат - Саид Мустафо Козимӣ. Аҳли ташаййуъ Эътилофи Шимол. Вазири маъдан ва саноӣ - Муҳаммад Олим Разм. Узбактаборони Эътилофи Шимол. Саноати сабук - ба ҷониби Эътилофи Шимол тааллуқ дорад. Вазири иттилооту фарҳанг - Махдум Раҳин. Гурӯҳи Рум. Вазири мухобирот- АБдурраҳим. Эътилофи Шимол. Вазири кор ва умури иҷтимоӣ - Мирвайс Содиқ. Эътилофи Шимол. Вазири авқоф - Муҳаммад Ҳаниф Ҳанифи Балхӣ. Номзади мустақил, аҳли ташаййуъ. Вазири шаҳидону маъюбин - Абдуллоҳ Вардак. Эътилофи Шимол. Вазири маориф - Абдул Салом Азимӣ. Гурӯҳи Рум. Вазири таълимоти олӣ - мутааллиқ ба Эътилофи Шимол. Вазири сиҳҳати омма - Суҳайло Сиддиқӣ. Намояндаи мустақил. Вазири қувваи кор - Ҳанӯз таъин нашудаст. Вазири инкишофи деҳот - Мутааллиқ ба Эътилофи Шимол. Вазири инкишофи шаҳрҳо - Мутааллиқ ба Эътилофи Шимол. Вазири эъмори муҷаддад - Исҳоқ Шаҳриёр. Намонядаи Эътилофи Шимол. Вазири нақлиёт - Исҳоқ Шаҳриёр. Гурӯҳи Пешовар. Вазири бозгашти муҳоҷирин - Намоянда аз Эътилофи Шимол. Вазири зироат - Намоянда аз узбактаборони Эътилофи Шимол. Вазири обёрӣ Муҳаммад Ҷалил Шамс - Гурӯҳи Қибрис. Вазири адлия - Намояндаи Эътилофи Шимол. Вазири ҳавонавардӣ ва саёҳат - Раҳим Вардак. Гурӯҳи Рум. Вазири умури сарҳадот - Амонуллоҳ Задран. Гурӯҳи Рум.