Мирзои СалимпурХаҷми содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли гузашта ба 1.5 миллиард доллар расид. Аммо гуфта мешавад замонате барои сармоягузорони хориҷӣ вуҷуд надорад.
Хаҷми содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли гузашта ба якуним миллиард доллар баробар шуд. Дар ин бора рузи 19 декабр дар нишасти муштараки равобити хориҷии вазоратхонаҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Любов Жданова- корманди масъули Агентии Омори Тоҷикистон гуфт, таносуб миёни содирот ва воридот тақрибан 50 ба 50 буда, 65 дар сади гардиши моли мамлакат бо кишварҳои муштаракулманофеъ сурат мегирад. Хонум Жданова афзуд, 55 дар сади содироти Тоҷикистонро аллюминий ташкил медихад. Дар холе, ки содироти нируи барқ ба 15 ва пахта ба 14 фоиз мерасад. Аммо дар хамин ҳол Татяна Кириллова- масъули равобити байналмилалӣ дар Кумитаи Саноат гуфт, ки зарурати ислоҳи қонунҳои мвҷуда кайҳо фаро расидааст, зеро имрӯз тамоми имтиёзоте, ки қаблан барои сармоягузорони хориҷӣ муқаррар гашта буданд, аз байн бурда шудаанд. Ба гуфтаи хонум Кириллова қонунгузории феълӣ дар робита бо замонати сармояҳо чизе намегуяд ва сармоягзори хориҷӣ итминон надорад, ки самояи худро пас гирифта хоҳад тавонист ё не.