Макаров ба курсии Балуевский нишаст

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев Николай Макаровро фармондеҳи ситоди кулли артиши кишвараш таъйин кард. Юрий Балуевский, фармондеҳи пешини ин ситод, муовини дабири Шӯрои амнияти милии Русия таъйин шудааст.

Макаров то кунун муовини вазири дифоъи Русия ва раҳбари идораи таслиҳоти ин вазорат буд.