Дар Бонн мушкили тағйири иқлим баррасӣ мешавад

Дар шаҳри Бонни Олмон конфаронс оид ба мушкилоти тағйири иқлим ифтитоҳ шуд. Нишаст таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид мегузарад ва дар он тақрибан 2 ҳазор намояндагон ва нозирон аз 160 кишвари олам ширкат доранд. Мавзӯъи аслии конфаронси Бонн – "кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои мутобиқ шудан ба тағйири иқлим ва дар ихтиёри онҳо вогузоштани текнолоҷии нави коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо" эълон шудааст.
Ин конфаронс - дуюмин нишаст аз силсилаи иборат аз 8 форуми СММ аст, ки дар пояи онҳо бояд Муоҳида оид ба мубориза алайҳи тайғири иқлим таҳия шавад.