Давлати Непал имрӯз ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати ихтиёран тарки Қасри подшоҳӣ кардани шоҳи Непал Гиянендра ӯро аз ин Қаср бо истифода аз нирӯ берун хоҳад кард.
Маҷлиси Непал, ки дар моҳи апрел интихоб шуд, бояд рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ташкили нахустин иҷлосия дода, расман поёни ҳукумати подшоҳӣ дар Непалро эълон кунад.
Лағви ҳукумати подшоҳӣ яке аз нукоти аслии созишномаи сулҳи 2 сол пеш имзошуда бо чирикиҳои марксисти пайрави Мао Зе Дун буд. Ҷанги байни нирӯҳои давлати Непал ва чирикиҳои Маопараст баъд аз имзои ҳамин созишнома хотима ёфт.
Аммо ҷониби шоҳ Гиянендра то кунун ба ҳушдори давлати Непал вокунише нишон надодааст.