Кумакҳои СММ ба осебдидагон давом хоҳад кард.

СММ амалиёти фаврии худро барои кумак ба осебдидагони туфони "Наргис" дар Мианмар бояд барои муддати зарурӣ идома диҳад. Ин нуктаро хонум Элизабет Бирз-сухангуи дафтари СММ дар умури ҳамоҳангии кумакҳои башардустона изҳор доштааст. Ба гуфтаи вай, ҳудуди 1-милёну 400 ҳазор ба кумакҳои фаврӣ ниёз доранд ва кормандони имдод бояд худро ба маҳаллоти дурафтодаи осебдида дар гулугоҳи рудхонаи Ирраваддӣ бирасонанд. Хонум Бирз гуфтааст, аз 2-милёну 400 ҳазор аҳолии осебдида ва ниёзманд то ҳол танҳо 500 ҳазор ба кумакҳои байналмиллалӣ дастрасӣ доштаанд.