Қатли 8 ҷангҷӯ дар Афғонистон

Нерӯҳои Афғонистон ва НАТО 8 тан аз тундравонро кушта ва чаҳор тани дигарро дар вилояти Пактиё боздошт кардаанд. Ниёз Муҳаммадхалил - раҳбари ноҳиявии вилояти Пактиё гуфт, панҷ тан аз тундравонро зимни як амалиёт дар ин вилоят куштаанд. Се тундрави дигарро дар вилояти Хӯсти ҳамсоя бо Пактиё нобуд кардаанд.