Амруллоҳ Солеҳ, раҳбари хадамоти амниятии Афғонистон гуфт, дар ҷараёни ҳамла ба як паноҳгоҳи ҷангиён дар минтақаи Гузаргоҳи Кобул 7 нафар кушта шуданд.
Амруллоҳ Солеҳ гуфт, ду тан аз кушташудагон “террористҳо” ва якеи дигар зане будааст, ки ба хотири анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ омада буд. Раҳбари хадамоти амниятии Афғонистон афзуд, дар Ҷараёни амалиёт ҳамчунин як кӯдак ва 3 тан аз нирӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.
Сухангӯи Толибон қаблан гуфт, ду тан аз кушташудагон дар Гузаргоҳ аз ҷумлаи тарроҳон ва омилони ҳамлаи рӯзи якшанбе алайҳи раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай будаанд.