Ҳамлаи худкушонаи зане ба идораи полис дар Ироқ

Полиси Ироқ мегӯяд, зане худро дар назди идораи полис мунфаҷир карда, шаш нафарро ба ҳалокат расонд ва 12 нафари дигарро маҷрӯҳ намуд. Аксари қурбониён кормандони полис будаанд. Ин ҳамлаи худкушона дар минтақаи Диёла, шимоли Бағдод ба вуқӯъ пайвастааст.