Бо ҳадафи мулоқот бо собиқ президенти ИМА Ҷиммӣ Картер ҳайъати раҳбарони Ҳамос аз минтақаи Ғазза ба Миср рафтанд.
Сухангӯи ҷумбиши тундгарои исломӣ мегӯяд, вохӯрӣ имрӯз ва ё фардо дар Қоҳира ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ба қавли ин манбаъ Исроил ба Картер иҷозат надод, вориди минтақаи зери назорати Ҳамос шавад. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2002-ум сафараш ба Ховари Миёнаро рӯзи якшанбе оғоз намуд, ки 9 рӯз идома хоҳад дошт. Картер мехоҳад раванди сулҳи Ховари Миёнаро тақвият бахшад. Ӯ сарфи назар аз мухолифати ҳукуматҳои Исроил ва ИМА ният дорад, охири ҳафтаи равон дар пойтахти Сурия бо пешвои сиёсии Ҳамос Холид Машъал вохӯрад.