Даҳҳо ҳазор нафар дар Иёлоти муттаҳида пас аз лағв шудани беш аз ҳазор парвози ширкати Американ Эйрлайнз аз сафар маҳрум шуданд. Ширкати мазкур бо қатъи парвозҳо мехоҳад, амнияти ҳавопаймои ЭмДи 80-и худро бозсанҷӣ кунад. Намояндаи ширкат мегӯяд, озмоиш бо талаби Маъмурияти федероли ҳавопаймоӣ сурат мегирад.