Дар чанд ҷумла Куштори 15 ҷангҷӯй дар ҷануби Афғонистон Апрел 06, 2008 Ҳангоми бархӯрди мусаллаҳона дар ҷануби Афғонистон нерӯҳои Афғонистону Нато 15 фарди муттаҳам бо ҷангҷӯиро ба қатл расонданд. Вазорати мудофиаи Афғонистон мегӯяд, бархӯрд рӯзи шанбе дар вилояти Қандаҳор ба вуқӯъ пайваст.