Ҳамла ба азодорон дар Ироқ

Дар як маросими дафн дар вилояти Диёлои Ироқ имрӯз як маргталаб бо инфиҷор додани камарбанди таркандааш афроди зиёдеро кушта ва маҷрӯҳ кард. Абдулкарим-Ал-Рубоӣ - як маъмури олирутбаи амниятӣ дар Диёло, гуфт, дар ин ҳамла, ки дар ҳошияи шаҳри Бақуба ба вуқӯъ пайваст, дасти кам 9 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.