СММ раҳбарони Сербистонро барои даст доштан дар нооромиҳои ахири Косово муттаҳам кард. Дар ин нооромиҳо як пулиси укроинитабори СММ кушта ва даҳҳо нафар шаҳрванд маҷруҳ шуданд. Ларрӣ Россин-муовини намояндагии СММ дар Косово гуфт, возеҳ аст, ки хушунатҳои 17-уми март дар Митровитсаи Косово созмонёфта буд. Вай гуфт, ҳукумати Сербистон натавонист аз нуфузи худ истифода кунад, то аз ин нооромӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд.