Чархболи МИ-8 дар Бадахшон суқут кард

Рӯзи 8 март як чархболи тамғаи МИ-8-и ширкати ТоҷикЭйр дар кӯҳистони минтақаи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суқут кардааст. Дар асари ин сониҳа халабони чархбол ҳалок шуда ва 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, аз 15 мусофири ин чархбол аксарият кӯҳнавардони хориҷӣ будаанд.