Интихоботи президентӣ дар Арманистон

Имрӯз дар Арманистон интихоботи президентӣ барпо мешавад. Дар байни нӯҳ довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ имконоти пирӯзии сарвазири Арманистон Серж Саркисян ва собиқ президенти Арманистон Левон Тер-Петросян баланд арзёбӣ мешавад. Барои ҷилавгирӣ аз баргузории даври дуюм яке аз номзадҳо бояд аз пуштибонии беш аз 50% раъйдиҳандагон баҳраманд бошад.

Раисҷумҳури ояндаи Арманистон бояд бӯҳрони Қарабоғи Кӯҳиро ҳалл намояд. Ин минтақаи Озарбойҷон зери назорати арманитаборон қарор дорад. Ҳамин гуна равобити Арманистон бо Туркия ба тармим ниёз дорад.