Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентӣ аз мӯд меравад. "Роҳи қонунӣ"-и ҳифзи сарват муҳимтар шудааст


Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси Миллӣ сурат гирифт. Ҳамон тавре интизор мерафт, дар қатори 24 нафари дигар аз вилоятҳо аз Душанбе писари Президенти Тоҷикистон бо аксарияти овозҳо узвият ба қабати болоии парлумонро соҳиб шуд.

Ин муҳимтарин хабари ин маърака ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд муаммои дигар ҳам ҳаст: 8 нафаре, ки президент ҳаққи таъини онҳоро ба маҷлис дораду рӯзҳои наздик муаррифӣ мешаванд, киҳоянд?

Бо вуҷуде бархеҳо мутмаинанд, ки Рустами Эмомалӣ бо ҳамин раисӣ ба Маҷлиси Миллиро барои худ таъмин кард, бовар кардан душвор аст. Фикр мекунам, ӯ пеш аз ин мақом як мансаби дигар дар сохторҳои қудратӣ хоҳад гирифт.

Дар интихоботи пешорӯи президентӣ, ки ноябри соли равон дар назар аст, номзад шуданаш ҳам камтарин эҳтимолро дорад. Ҳади ақал то таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, ки пас аз он шояд мамлакатро як интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ интизор бошад...

Аммо ин танҳо Тоҷикистон нест, ки мушкили интиқоли қудрат барои элитаи ҳукмрон дар пешорӯст. Дар Русия низ Путин раъйпурсӣ барои тағйири Қонуни асосиро, ки интизор буд моҳи апрел сурат гирад, мавқуф гузошт. Масоили дигари пешниҳодӣ барои ислоҳоти конститутсионӣ ҷиддӣ гирифта намешаванд, муҳимтаринаш ин аст, ки Путин ҳама давраҳои гузаштаи президентии худро ба ҳеч баробар карданист.

Ин нуктаи бисёр муҳим аст: “ба ҳеч (нол, сифр) баробар кардан!”

Воқеан, онҳое, ки қудратро солҳои тӯлонӣ ҳифз карданӣ ҳастанд, бешак дар сохтусози давлатҳояшон ҳатман саҳме доранд. Вале дар охир кадом эҳсосе ҳамаи заҳмати онҳоро ана ҳамин тавр ба ҳеч (нол, сифр) баробар мекунад.

Ин чӣ эҳсос аст?

Саволи асосӣ ин шабу рӯз ҳамин мебошад. Дар маҳдудаи кишварҳои пасошӯравӣ Александр Лукашенко, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев аз ҷумлаи “дарозумртарин” президентҳоанд. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов ҳам акнун 13 сол аст, ки раҳбарӣ дорад.

Аслан диктаторҳои мамолики пасошӯравиро мешавад ба ду гуна ҷудо кард:

  • “аврупоӣ”, ки ҳарчанд тӯлонӣ дар сари қудратанд, аммо мӯҳлатро аз 5 сол ба 7 сол дароз накарданд ва низ барои худ унвонҳои аҷоибу ғароиб кашф нанамуданду худро ҳоло ҳам президент меҳисобанд;
  • “осиёӣ”, ки ҳатман бо қонуншиканӣ ба сари қудрат меоянд ва ба болои ин ягонтои онҳо бе унвони болохонадор несту танҳо президентиро барои худ “айб” мешуморанд.

Дар маҷмуъ, мешавад гуфт, ки президентӣ, ки то солҳои наздик мансаби сатҳи баландтарини як давлат ба ҳисоб мерафт, аз мӯд меравад. Хоса дар Осиёи Миёна.

Пешопеши Наврӯзи соли гузашта Нурсултон Назарбоев гӯё ваколатҳои худро вогузор карду аз президентӣ рафт. Мисле, ки Елтсин пеш аз соли нави соли 2000-ум. Аммо ин ду истеъфоро ба ҳам ҳатто монанд кардан имкон надошт.

Аз аввал маълум буд, ки “пешвои миллат”-и қазоқ қудрати аслиро супурданӣ нест. Як вақтҳо ё ба шӯхӣ, ё ҷиддӣ мегуфтанд, ки ӯ доруи зидди марг (эликсир бессмертия) ҷустуҷӯ дорад. Мисле, ки ин хоҳишашро аблаҳӣ пиндошт, вале орзуи ҳамеша яккаҳукмрон будан, ба ӯву ҳамтоёнаш шояд то дар ин дунё буданашон, боқӣ мемонад.

Дар бораи якеи дигараш ҳам нақли ҷолибе шунидаам. Ба ноҳияе "барои ошноӣ аз вазъи мардум" меравад. Даруни саҳро бо марде вомехӯрад, ки баъдан маълум мешавад беш аз 80 сол умр дорад. Бо ин вуҷуд, бамаротиб ҷавонтар менамояд. Дигар тамоми таваҷҷуҳи он "раҳбари дӯстдошта"-ро ҳамин пирамарди 80-сола, аммо ба назар ҷавон, ба худ машғул медорад: "чӣ мехӯрӣ, чӣ кор мекунӣ, ки чунин ҷавон мондаӣ?". Ҷои дигар мардум ин “роҳбари дӯстдоштаро интизор буданд", вале ӯ дар дунёи худ банд буд, ба САВОЛИ АСОСИАШ посух мехост: чӣ кор кунад, ки агар абадан намемонад, ақаллан умрашро чанд соле дигар дароз намояд...

Онҳо, воқеан ҳам, ба он хотир ҳарчӣ бештар зиндагӣ кардан мехоҳанд, ки "ба мардум зиёдтар хизмат намоянд", "корҳои нотамомашонро анҷом диҳанд", ё чӣ?

Гуфтан мумкин нест, ки диктаторҳои асри 21, вақте аҷал суроғашон омад, мисли Сталин аз ҷевонашон як шиму костюми обшуста ва аз ҷайбашон 5 рубли Шӯравӣ меёбанд. Фалсафаву мантиқи диктаторҳои асри 21, ба назари ман, комилан дигар аст. Аз ин ҷост, ки боре навиштам: " ҳатто ба кори ба назар хуби онҳо бояд бо шубҳа нигарист!"

Инро Назарбоев исбот кард. Агар духтараш Дариғаро "дуюм" намекард, гуфтан мумкин буд, ки "усули елтсинӣ"-и рафтанро интихоб кардааст. Аммо Назарбоев куҷову Елтсин куҷо? Ман, ҳатто усули идораи кишварҳоро, ки президенти рус як давлати демократиро ба Путин вогузор кард, дар назар надорам.

Савол муҳимтар аст: оё Елтсин чӣ қадар молу сарват ба пайвандонаш гузошт?

Қосимҷомарт Тоқаев дар Қазоқистон ва берун аз он, бо гузашти як сол, ба ин ва саволи муҳимтар аз ин ҷавоб надорад: ӯро барои ҳифзи режими Назарбоев президент мондаанд, ё барои тақвияти низом бе ҳузури Назарбоев?

Чанд вақт пеш хабарҳое паҳн шуданд, ки Додгоҳи олии Лондон баҳси Дариға Назарбоева ва молики се бинои ҳабсшуда ба маблағи 80 миллион фунт стерлинг будани ӯро оғоз кардааст. Додгоҳ мехоҳад маълум намояд, ки ин хонаҳо бо кадом пул харида шудаанд?

Ин суол барои диктаторҳои асри 21 МУҲИМТАРИН аст! Моликияту дороиеро, ки ӯву оилааш аз ҳисоби мардум ба даст овардаанд, чӣ гуна ҳифз кунанд?

Фавти якбораи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, аз ҳамин ҷиҳат синдроми наверо дар минтақа бо номи рамзии "марги душвор" ба вуҷуд овард. Албатта, баҳсҳои ҷаҳонӣ дар атрофи пулу дороиҳои духтаронаш пеш аз марги Каримов ҳам буд. Вале фавти ногаҳонии президенти узбек, ки низ барои худ унвону пешчаспҳои барзиёдро ихтисос дода буд, барои дигарон ҳушдори ҷиддӣ дод: МАЪЛУМ МЕШАВАД ОНҲО НИЗ МЕМИРАНД!

Ва аммо баъд... дороии онҳову пайвандон чӣ мешавад ва зиндагии аҳли оила ба чӣ усул давом меёбад?

Барои ҳамин онҳо рафтанӣ нестанд ва Осиёи Миёна танҳо ду усули интиқоли қудратро медонад: марг ва инқилоб.

Марг ҳам на ҳамеша онҳоро ором мегузорад. Ҳамчуноне ки мурдаи Туркманбошӣ, тибқи бархе маълумот ду рӯз дар сардхона боқӣ монд, то САВОЛИ АСОСӢ ҷавоб нагирифт. Воқеан, ҳамон шабу рӯз на танҳо спикери парлумонро, ки бояд ҷойгузини диктатори туркман мешуд, ба зиндон андохтанд, балки муҳофизи асосии Туркманбоширо, ки бояд моликияти роҳбарашро ба берун мебурд, боздоштанду низ зиндонӣ карданд. Аз ин хотир, гуфтан мушкил аст, ки аз сарвати ҷамъкардааш ба бозмондагони Сафармурод Ниёзов чӣ “насиб” кард...

Хулоса, "варианти сеюми интиқоли қудрат дар Осиёи Миёна" ҳоло пайдо нашудааст. Фикр мекунам, то замоне ки синдроми "марги мушкил" ба худ шеваи осон пайдо накунад, он пайдо ҳам намешавад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG