Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба патент пул надорем" Дархости лағви андозу патенти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Муҳоҷирон барои тамдиди санадҳояшон дар навбат истодаанд. Маскав, 3-юми апрели 2020
Муҳоҷирон барои тамдиди санадҳояшон дар навбат истодаанд. Маскав, 3-юми апрели 2020

Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки мақомот дар давраи "карантин" ба онҳо сабукӣ надодаанд. Онҳо талаб доранд, дар муддате, ки муҳоҷирон дар ҷое кор намекунанд ва барои пешгирӣ аз густариши коронавирус дар хона нишастаанд, аз пардохти пули патент ва андоз муваққатан озод карда шаванд.

Муҳоҷирон мегӯянд, аз як сӯ бепулӣ ва аз тарафи дигар хатари гирифторӣ ба коронавирус онҳоро дар вазъияти баде гузоштааст. Яке аз муҳоҷирон бо номи Саид рӯзи 3-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукумати Русия мехоҳад онҳоро муваққатан дар давраи карантин аз пардохти андозу пули патент озод кунанд.

"Дар хона нишастаем ва пул надорем. Чанде пеш ба Маскав омадам ва сафарам бо паҳншавии коронавирус рост омад. Бо қарз санадҳоро дуруст кардам, вале ҳанӯз дар ҷое кор накардам. Ба ҷуз аз пули патент бояд зиндагӣ карду пули иҷораи хонаро ҳам дод. Ҳамаи инро аз куҷо ёбем?" - суол гузошт ӯ.

Мақомоти Русия пештар гуфта буданд, ки бинобар хуруҷи коронавирус ва пеш омадани вазъи фавқулода ба муҳоҷирон чанд сабукӣ додаанд. Аз ҷумла, муҳоҷирон ҳақ доранд, бе убури марзи Русия барои гирифтани патент муроҷиат кунанд ва ё муҳлати санадҳояшонро дароз намоянд.

Вадим Коженов, раиси Федератсияи муҳоҷирони корӣ дар Русия, дар номае аз нахуствазири Русия хостааст, то анҷоми давраи "карантин" пардохти пули патенти муҳоҷиронро бекор намояд. Ба муроҷиати Коженов садҳо муҳоҷири корӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Интернет ҳамовозӣ кардаанд.

Вай дар муроҷиаташ гуфтаст, муҳоҷирон дар ҳаёти иҷтимоии Русия саҳми муҳим доранд ва ҳоло ниёзманди кумаку дастгирӣ ҳастанд? "Агар муҳоҷир кор надорад, пас, пул надорад. Дар вазъияти пешина муҳоҷирон метавонистанд ба назди ҳамватанон рафта, қарз гиранд, ҳоло аз хона баромадан мумкин нест. Пештар метавонистанд кори дигар ёбанд, ҳоло кор ёфтан осон нест. Ҳадди ақал метавонистанд ба масҷидҳо рафта, шикамашонро сер кунанд, ҳоло масҷидҳо бастаанд. Метавонистанд қарз гиранду ба хона баргарданд, ҳоло ҳама роҳҳову марзҳо маҳкам аст."

Дархости муваққатан озод кардани муҳоҷирон аз патенту андоз дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ низ дар суҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ба ҳукумати Русия пешниҳод кардаанд, ки дар давраи карантин муҳоҷирони корӣ ба монанди идораҳо ва андозсупорандагони дигар аз пардохти молиёту патент озод бошанд.

Вай изҳори умед намудааст, ки ҳукумати Русия хоҳиши онҳоро ба манфиати муҳоҷирони ҳал хоҳад кард, аммо ҷониби Русия то ҳол ҳеч вокуниш накардааст.

Муҳоҷирон мегӯянд, ба ин далел ҳанӯз қоидаҳои пешинаро риоя мекунанд, то дар оянда надоштани патенту насупурдани андоз дарди сарашон нашавад.

Фарҳод Худоёров, муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, бо вуҷуди "карантин"-и сартосарӣ дар Русия, рӯзи 30-юми март ночор ба Маркази патентдиҳии шаҳри Сургут рафта буд. Вай бо ирсоли наворе ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар ҳамон рӯз то 60 муҳоҷири тоҷик дар талоши ба даст овардани иҷозатномаи корӣ буданд.

Дар шаҳри Сургут дар як моҳ барои патент тақрибан панҷ ҳазор рубл тақозо мешавад.

Маҳмадамин Соҳибов, муҳоҷири дигари тоҷик дар шаҳри Сургут, рӯзи 2-юми апрел гуфт, ҳамроҳи чаҳор дӯсташ аз ноҳияи Спитамен дар як сохтмон кор мекунанд ва кордеҳашон талаб кардааст, ки патентро ҳатман биёранд.

Ба ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули интиқолии муҳоҷирон аст.

Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон наздики 2 миллиарду 600 миллион доллар фиристодаанд, ки ба 33 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Аз ҳоло пешбинӣ мешавад, шароите ки коронавирус ба вуҷуд овардааст, ба даромади муҳоҷирон дар Русия зарбаи сахте хоҳад зад ва паёмадашро хонаводаҳо дар Тоҷикистон низ эҳсос хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG