Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз сактаи мағзӣ фавтид, ё латту кӯб? ВИДЕО


Акси Диловаршо Шомиров
Акси Диловаршо Шомиров

Марги Диловаршо Шомиров, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, баҳс барангехт. Ҷасади ӯро тақрибан ҳафтае пеш дар шаҳри Душанбе ёфтанд. Мақомот дар аввал гуфтанд, Шомиров ба сабаби сактаи мағзӣ фавтидааст. Дертар, баъди шикояти пайвандон, эълон карданд, ки ӯ бар асари латту кӯб ҷон бохтааст.

Наздикони Диловаршо Шомиров мегӯянд, маълум нест, чаро мутахассисону пизишкон дар оғоз сабаби марги писарашонро мушаххас нагуфтанд. Онҳо тақозо доранд, ки таҳқиқи марги писарашон ва, ҳамин тавр, хулосаҳои аз ҳам фарқкунандаи ташхиси ҷасад ҷиддан пайгирӣ шавад. Мутахассисони маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ мегӯянд, хулосаи аввал нотамом буд.

Мақомоти Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, ҳоло як нафарро бо гумони даст доштан дар қатли Диловаршо Шомиров дастгир карданд ва, ба қавли онҳо, муттаҳам дар пурсишҳои аввал занозаниро тасдиқ кардааст. Маълум нест, иқрори ӯ дар чӣ шароите ба даст омадааст. Солҳои ахир баъзе аз боздоштшудаҳо аз истифодаи шиканҷа ҳангоми бозпурсиҳо шикоят мекунанд.

Акси ҷасади Диловаршо Шомиров чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегашт, то шахсияташ шиносоӣ шуда, наздиконаш низ пайдо гарданд. Масъулони Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 24-уми март аз муайян шудани шахсияти ҷасад хабар доданд ва сабаби марги ӯро сактаи мағзӣ номиданд.

Аммо пайвандони Диловаршо Шомиров мегӯянд, аз оғоз ба ин бовар надоштанд ва ҳангоми шустани ҷасад дар бадани фарзандашон осори латту кӯбро дидаанд. Хурсанд Шомиров, амаки Диловаршо, рӯзи 27-уми март гуфт, "ҷасадро ман шустам. Дидам, ки як тарафи сараш даромадагӣ ва гӯшаш шикастааст. Ташхисгаронро даъват кардем. Аз додситонӣ омада, кафанро кушоданд. Диданд, ки зарб хӯрда, ҳама ҷояш маъюб аст."

Ҷасади Диловаршо Шомиров шаби 22-юми март дар наздикии корхонаи нассоҷии Душанбе пайдо шудааст. Шоҳидон мегӯянд, ҷасади ӯро ба воситаи мошини Ёрии таъҷилӣ ба сардхона бурданд.

Нуриддин Шомиров, падари Диловаршо, рӯзи 27-уми март гуфт: "Мо дар бораи марги ӯ аз Интернет хабар ёфтем. Бо бародарам ба сардхона рафтем. Вақте аз яхдон бароварданд, ҳушам рафт. Дар Маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ гуфтанд, ки ба сабаби инсулт фавтидааст. Ҳайрон шудам, чун писарам бемор набуд. Ҷавони солим буд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Модар талаб дорад, ки қотили писараш ба ҷавобгарӣ кашида шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Ҳоло ба иттилои мақомот дар робита ба марги Диловаршо, ки қаблан гуфта мешуд, дар пайи сактаи мағзӣ фавтидааст, як ҷавони ҳамкори ӯ гумонбар ва боздошт шудааст.

Мақомоти Раёсати корҳоии дохилии шаҳри Душанбе аз ин ҷавон Абдулмумин Халилов ном бурда ва мегӯянд, ӯ ҳамкори Диловаршо Шомиров буд ва дар пурсишҳои аввал иқрор кардааст, ки ҳодиса аз як баҳси лафзӣ ба сари шустани мошин шуруъ шуда, то занозанӣ баъди кор дар берун идома кардааст.

Мақомоти пулиси Душанбе дар шарҳи ҳодиса гуфтанд, ки ҳодиса соатҳои тақрибан 22:30 рух дода, Халилов бо як мушт ба қисмати рости гӯши Диловаршо Шомиров задааст, ки дар натиҷа ӯ ба замин афтода, баъди чанд лаҳза ба ҳалокат расидааст.

Диловаршо Шомиров ду моҳи ахир дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳо дар Душанбе кор мекард. Ҳамкоронаш рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, байни Диловаршо ва ҳамкори гумонбарашон дар ҷойи кор ҳеч муноқишаро мушоҳида накарда буданд.

Самандар Маҳмадҷонов, ҳамкори Диловаршо, мегӯяд: "Ҳамроҳи ягон кас ҷанг накарда буд. Ягон камбуд ҳам надошт. Баҳси байни ҳардуяшонро надида будем. Боварам намеояд."

Талоши мо барои пайдо кардан ва суҳбат бо наздикони ҷавони гумонбар дар куштори Диловаршо то ин дам бенатиҷа буд. Пайвандони Диловаршо Шомиров ҳам мегӯянд, аз тарафи ҷавони гумонбар касе ба хонаашон наомадааст, то вазъиятро бештар фаҳманд.

Пайвандони Диловаршо Шомиров бовар надоранд, ки куштори фарзандашон ба дасти як нафар анҷом шудааст. Онҳо мехоҳанд, қазияи фарзандашон мӯшикофона тафтиш шавад ва гунаҳкор ё гунаҳкорон бар асоси қонун ҷазо гиранд.

Умриннисо Шомирова, модари Диловаршо, гуфт барои ӯ маълум нест, ки чаро мутахассисон ва табибон аз аввал сабаби марги писарашро мушаххас нагуфтанд.

"Барои чӣ пизишкон инро аввал пинҳон карданд, барои чӣ доғи дасташро надиданд, гӯши шикаставу сари кафидаашонро диданд, вале қоил нашуданд. Илтимос мекунам, ҳамин корро ҷиддӣ бинанд, имрӯз бо бачаи ман чунин карданд, пагоҳ бо бачаи дигар мекунанд", - гуфт ӯ.

Муттахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ тиббӣ мегӯянд, дар лаҳзаҳои аввали ташхис дар ҷасади Диловаршо нишонаҳои монанд ба инсулт ё сактаи мағзӣ мушоҳида шуд. Аммо мегӯянд, ин хулосаи ниҳоии онҳо набуд ва санҷишҳои баъдӣ маълум кард, ки ӯ зарб хӯрдааст.

Дар ҳар сурат, ба гуфтаи масъулини Маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ дар бораи сабабҳои марги Диловаршо Шоимров эълон нашудааст ва барои ин фурсат лозим аст.

Ҳоло дар робита ба қазияи марги Диловаршо Шомиров парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқ идома дорад.

Ба гуфтаи наздикон, Диловаршо оиладор ва интизори фарзанди нахустин буд. Ӯ пинҳонӣ аз модараш мошиншӯӣ мекардааст, то дар таъмини хонавода ёрӣ кунад. Модараш мегӯяд, то замони рӯё додани ҳодиса фикр мекард, писараш кори беҳтаре дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG