Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазирони Тоҷикистону Русия дар бораи муҳоҷирон чӣ гуфтанд? ВИДЕО


Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин
Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода суҳбати телефонӣ анҷом дод. Гуфтугӯи нахуствазирон дар поёни рӯзи 7-уми апрел сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, мавзӯи асосии суҳбат хуруҷи коронавирус ва чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии он дар қаламрави ду кишвар буд.

Иттилоъ дар мавриди гуфтугӯи ду нахуствазир хеле маҳдуд аст ва дафтарҳои матбуоти ҳарду ҷониб бо нашри хабарҳои кӯтоҳ иктифо кардаанд, аммо ҷолиб ин аст, ки маълумоти нашркардаи ду ҷониб аз ҳам фарқ мекунад.

Дафтари матбуоти ҳукумати Русия мегӯяд, дар ин гуфтугӯ "масъалаи бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, баррасӣ шуд".

Аммо дар иттилое, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон нашр карданд, дар бораи ба Тоҷикистон овардани муҳоҷирон чизе гуфта намешавад. Танҳо таъкид шудааст, ки Расулзода дар ин суҳбат имкони содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ба Русия матраҳ кардааст. Тоҷикистон солҳост, ки аз Русия мехоҳад барои содироти маҳсулоти кишоварзиаш шароит фароҳам кунад, аммо ҳанӯз ҳаҷми содирот ночиз аст.

"Ташкили парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар назар нест"

Як мақоми баландпояи Тоҷикистон - масъули равобит бо Русия рӯзи 8-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то поёни моҳ мавзӯи ташкили парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия аслан матраҳ нест.

"Мо хеле хуб медонем, ки муҳоҷирон дар шароити мушкил қарор гирифтанд. Ҳадди имкон ба онҳо кумак карда истодаем. Аммо ҳоло масъалаи ташкили парвозҳо аслан дар миён нест. Рӯзҳои наздик ягон нақшаи бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия вуҷуд надорад", - иброз дошт ӯ.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, то муътадил шудани вазъият, беҳтар аст муҳоҷирон дар ҷойҳои зисти худ бимонанд, чун бо паст шудани хуруҷи вирус, ширкату корхонаҳо дубора фаъол мешаванд ва ҳамагӣ ба нерӯи корӣ ниёз хоҳанд дошт. Ин мақомдор гуфт, аз мушкилоте, ки имрӯзҳо муҳоҷирон рӯ ба рӯянд, огоҳ ҳастанд, аммо бозгаштан ба Тоҷикистон на мушкили худи онҳо, на хонавода ва на кишварро дар маҷмӯъ кам намекунад.

"Мо ба ҳукумати Русия барои афв кардани пули патенти муҳоҷирон ва сабукӣ додан дар масъалаҳои дигар ба муҳоҷирон, пешниҳодҳоро расман фиристодем. Муҳоҷирон бояд ками дигар сабр кунанд, роҳи дигар вуҷуд надорад", - таъкид кард ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Худдории Тоҷикистон аз ташкили парвозҳо аз Русия барои бозгардонидани шаҳрвандон зоҳиран ба хавфи ворид шудани бемории коронавирус ба кишвар бастагӣ дорад. Аммо коршиносон ва корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, худдории давлат аз овардани муҳоҷирони корӣ, ки солҳост такягоҳи иқтисоди кишваранд ва имрӯз дар шароити сахте дучор омаданд, одилона нест ва ба обрӯи кишвар латма мезанад.

Дар ҳоле ки ҳукумат барои кумаки бештар ба муҳоҷирон ҳамсадо мешавад, бархе аз коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, интизор меравад дар чанд рӯзи дигар Русия реҷаи каратинро ба ҷуз аз Маскав дар дигар манотиқи ин кишвар барҳам диҳанд ва шароит барои кори муҳоҷирон фароҳам хоҳад шуд.

Раҳмон Улмасов, коршиноси арсаи муҳоҷират, рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "бубинед, агар муҳоҷирон баргарданд, дар Тоҷикистон 14 рӯз дар карантин қарор мегиранд. Дар ин муддат интизор меравад, ки кор дар Русия боз авҷ мегирад. Муҳоҷирон боз маҷбуранд баргарданд ва омаданашон ба Тоҷикистон харҷи барзиёд мешавад. Чанде пеш сарвазири Русия гуфт, ки дар ояндаи наздик танҳо дар соҳаи сохтмон дар ин кишвар 1 миллиону 800 ҳазор нафар қувваи корӣ зарур аст. Ин ҷойҳои корӣ метавонад насиби муҳоҷирони мо шавад, чунки бинобар таҳлилҳои сотсиологии мо, 76 дарсади муҳоҷирони кории мо дар сохтмон банди коранд".

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар Русия ҳоло 486 ҳазор муҳоҷири тоҷик қарор доранд. Мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро аз 1 миллион нафар бештар мегӯянд. Даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират будааст. Аз ҳоло тахмин зада мешавад, ки хуруҷи коронавирус ба даромади муҳоҷирон дар Русия ва ҳамин тавр даромади хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон зарбаи сахте хоҳад зад.

XS
SM
MD
LG