Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зулайхо: Пардохти андоз ҳам нишонаи ватандӯстӣ аст. ВИДЕО


Кумитаи андози Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз қарздории беш аз 10 овозхони тоҷик хабар дода буд, ки дар байни онҳо исми Зулайхо Маҳмадшоева низ омада буд. Ба гуфтаи ин манбаъ “Зулайхо Маҳмадшоева, ба 1 октябр, маблағи 1521 сомонӣ аз кумитаи андоз қарздор аст.”

Овозхони маъруфи тоҷик дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз рӯи шаҳодатнома фаъолият мекунад ва андози давлатиро сари вақт месупорад. Вай гуфт, ки пардохти андоз аз фаъолияти эҷодӣ як таҷрибаи раво аст ва ӯ, ҳамчун як “фарди ватандӯст” ба ин фикр аст, ки бояд ҳунармандон ин муқарраротро риоя кунанд.

Дар сӯҳбати видеоиаш бо радиои Озодӣ, Зулайҳо инчунин дар бораи навигариҳои охир дар кори овозхониаш нақл кард. Ӯ гуфт, соли 2017 бояд таронаи наваш ба бозор арза шавад, “вале ҳанӯз мушаххас накардааст, ки номаш “Бай-бай” ё “Кучулу” мешавад”.

Мусоҳибаи пурраи Зулайхо Маҳмадшоева бо радиои Озодиро тамошо кунед:

Зулайхо: Пардохти андоз ҳам нишонаи ватандӯстӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:07 0:00

XS
SM
MD
LG