Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: "Русия ба сари дигарон ҷанг овард, ҳоло ба сари худаш омадааст"


Владимир Зеленский, 4-уми августи 2024
Владимир Зеленский, 4-уми августи 2024

Президенти Украина Владимир Зеленский ва фармондеҳ Александр Сирский бори аввал рӯзи 12-уми август дар бораи ҳамлаи ногаҳонӣ ба вилояти Курски Русия ошкоро ҳарф заданд.

Зеленский гуфт, Маскав бояд барои сулҳ бастан маҷбур карда шавад.

"Русия ба сари дигарон ҷанг овард, ҳоло ба сари худаш омадааст. Украина ҳамеша танҳо сулҳ мехост ва мо, албатта, сулҳро таъмин хоҳем кард," -- гуфт ӯ дар як паёми видеоӣ шаби 12-уми август.

Зеленский ба нақшаи сулҳи худ пойфишорӣ дорад, ки берун рафтани нерӯҳои Русияро аз қаламравҳои ишғолкардааш дар Украина дар бар мегирад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мехоҳад, Украина чор минтақаро дар шарқ ва ҷануби ин кишвар, ки Русия қисман ишғол кардааст, ба Маскав вогузор кунад. Киев онро комилан рад кардааст

Фармондеҳ Александр Сирский рӯзи 12-уми август гуфт, нерӯҳои Украина ҳудуди 1000 километри мураббаъ аз қаламрави вилояти Курски Русияро зери назорат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG