Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Экзит-пол: ҳунарпеша Зеленский президенти нави Украина интихоб шуд


Дар Украина даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба поён расид. Бино бар натиҷаи экзит-пол ё пурсиши пас аз раъйдиҳӣ, 73,2 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Володимир Зеленский овоз доданд ва раиси ҷумҳури феълӣ Петро Порошенко ҳамагӣ 25,3 дарсад овоз гирифт.

Натиҷаҳои расмии интихобот ба зудӣ эълон хоҳанд шуд. Аммо бо такия ба натиҳаҷои экзит-пол раисиҷумҳури феълии Украина Петро Порошенко шикасти худро дар интихобот пазируфт ва пирӯзиро бар Володимир Зеленский шодбош гуфт.

Володимир Зеленский, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори 41-сола борҳо изҳор доштааст, ки номзад шудани ӯ ба мақоми баланд натиҷаҳи хато ва иштибоҳҳои президенти феълӣ Петро Порошенко аст. Дар нахустин паёмаш пас аз эълони натиҷаҳои экзит-пол вай бо муроҷиат ба кишварҳои Шӯравии пешин гуфт: "Ба мо нигаред, ҳама чиз мумкин аст!"

Вай ҳамчунин аз интихобкунандагон изҳори сипос кард: "Сипос аз ҳамаи уркаинҳо, ки маро пуштибонӣ карданд. Сипос аз ҳамаи украинҳое, ки интихоби дигар намуданд. Сипос аз ҳамаи украиниҳо, қатъи назар аз он ки ҳоло дар куҷоянд. Ман ваъда медиҳам, ки ҳаргиз ҳеч яки шуморо ноумед намекунам."

Володимир Зеленский, ки асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибот мебурд ва аз мубоҳисаҳои сиёсӣ парҳез мекард, ба сабаби иқтисоди заиф, фасоди густурда ва ҷанги 5-сола дар шарқи Украина ҳаводорони зиёде ба даст овард.

Володимир Зеленский рӯзи 19-уми апрел дар мубоҳисаи сиёсӣ бо Петро Порошенко гуфт, ки “сиёсатмадор нест ва фақат як фарди оддӣ аст”, ки мехоҳад, низоми феълиро бишканад. Петро Порошенко гуфт, Зеленский таҷриба надорад ва наметавонад, дар баробари Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия биистад.

Шабакаи телевизионии "Настоящее Время" ҳамроҳ бо коршиносон тамоми рӯз барномаи зинда пахш кард ва ҳамаи руйдодҳои рӯзи раъйдиҳиро дар Украина ва берун аз он зери назар гирифт:

Бахши аввали намоиш – оё худи номзадҳо чӣ гуна раъй доданд, метавонед ин ҷо бубинед:

Дар бахши дувуми намоиш коршиносон, ҷомеашиносон ва рӯзноманигорон дар бораи он нақл карданд, ки интихоботи имрӯзаи Украина аз интихоботҳои гузаштаи он ва интихоботҳои фазои пасошӯравӣ чӣ фарқиятҳо дорад:

Вазорати корҳои дохилии Украина мегӯяд, аз рафти раъйдиҳӣ 816 шикоят расид. Дар байни қонуншиканҳо яке аз номзадҳои интихоботи президентӣ низ буд. Владимир Зеленский баъд аз овоздиҳӣ баргаи раъйи худро ба рӯзноманигорон нишон дод, ки хилофи асли пинҳонӣ будани раъйдиҳист.

19-уми апрел номзадҳои интихоботи президентии Украина: раисиҷумҳури феълӣ Петр Порошенко ва рақиби ӯ, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигор Володимир Зеленский дар варзишгоҳи Олимпии Киев баҳси рӯбарӯйи телевизионӣ баргузор карданд.

​Ин нахустин баҳси рӯбарӯйи ду номзад буд. Андешаи баргузории он дарҳол пас аз эълони натиҷаҳои давраи аввал садо дода буд. Он гоҳ Зеленский 30 дарсад ва Порошенко ҳамагӣ 16% овоз гирифтанд. Маҳз Зеленский рақиби худро ба баҳси тан ба тан дар варзишгоҳ даъват намуд.​

XS
SM
MD
LG